ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ОЗОДӢ ВА ИСТИҚЛОЛ

Озодиву истиқлол барои ҳар миллат дастоварди бузург ба ҳисоб меравад. Миллати тоҷик дар тули садсолаҳо бо ормони давлати мустақили миллӣ ба сар мебурд. Дар охири қарни бист, ки он вақт Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рў ба рў омад, ниёз ба шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад.

Дар чунин марҳилаи тақдирсоз яке аз муҳимтарин вазифаҳо, ки дар пеши роҳбари Тоҷикистон қарор дошт, ин пиёдасозии барномаи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва мутамаддин буд. Ва муҳимтарин марҳалаи амалӣ намудани ин барномаи стратегӣ қабули Конститутсия ба шумор мерафт.

Ҳалли мушкилоти иҷтимоии муҳоҷироне, ки ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷанг паноҳ бурдаанд ва онҳое, ки аз мавзеъҳои даргирӣ ба нуқоти ороми кишвар кўч бастаанд, танҳо аз дасти давлате, ки муҳофизати манфиатҳои миллиро сармашқи кори худ қарор додааст, бармеояд. Агар ҳукумати тозаинтихоб қодир ба захмҳои садҳо ҳазор овора, гурезагону кўчбастагон, бозмондагони хонаводаҳои қурбониёни ҷанг, ятимону бепарасторону маъюбон марҳамгузор шавад, дар он сурат эҳёи дигарбора ва шукуфоии Ватан ва ободии шаҳрҳову деҳот, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум муяссар мегардад, заминаи рушду тараққии мамлакат фароҳам меояд. Аммо ин кор дар он вақт хеле душвор буд.

Бо вуҷуди ин, даъватҳои такрор ба такрори Сарвари давлат аз иштирокчиёни мухолифатҳо бобати аз гуноҳи якдигар гузаштан, ба зиндагии осоишта қадам ниҳодан, ки дар ниҳояти самимият изҳор мешуданд, эълони авфи умум, ки борҳо сурат гирифт, батадриҷ самараи матлуб ба бор оварданд.

Барои дарки беҳтар ва хубтар пай бурдани моҳияти хидматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар поягузории давлатдории навини тоҷикон ва ба кишвари сулҳу салоҳ табдил додани Тоҷикистон дархўри мақсад медонем, ки чанд ҷумла аз суханони Президенти Шурои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ Антон Караҷаро, ки дар маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Пешвои асри XXI» гуфтааст, биёварем: «… Мо ҳамагон, дўстони башарият, пайи суроғи шахсиятҳои фарзонае ҳастем, ки қарни моро дигаргун сохта, бо амал, идрок ва неруи ҳастии худ суботи ҷаҳонро барои мову шумо таъмин менамоянд. Мо ба он мақсад омадаем, то ба Пешвои асри XXI, ба марде, ки дар замони низову ҷанги шаҳрвандӣ роҳи сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро барои кишвараш интихоб намуд, марде, ки дар замони таназзулу буҳрон пешрафту шукуфоии мамлакаташро таъмин кард, марде, ки дар ҳамдастӣ ва ҳамзистӣ бо мардуми худ дар кори эҷоди ояндаи неки кишвар, минтақа, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва инсоният талошҳои хастанопазир меварзад, изҳори қадрдонӣ намоем. Ин шахс Президент Эмомалӣ Раҳмон аст».

Бояд иқрор шуд, ки Пешвои асри XXI унвонест, ки номзадҳо танҳо пас аз омўзиши амиқ ва баррасии ҳамаҷониба сарфароз гардонда мешаванд. Бинобар он, ки бо он роҳбарони давлатҳо сарфароз гардонда мешаванд, фаъолияти онҳо даҳсолаҳои амалҳову дастовардҳои ноилгаштаро бо таъсири мусбат ба ҳаёти халқу кишвар таҷассум менамояд.

Обрўю эътибори Президент Эмомалӣ Раҳмон чи дар пеши мардуми Тоҷикистон ва чи дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ дар пеши саршинохтатарин шахсиятҳои сиёсат, пеш аз ҳама, марбут ба хидматҳояш бобати хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ аст. Эмомалӣ Раҳмон, ки бо рисолати таърихии барқарор кардани сулҳу осоиш сарварии мамлакатро бар дўши худ гирифта буданд, аз аввалин рўзҳои фаъолияташ роҳи расидан ба мақсудро дар муколама ва муносибати сулҳомез бо тамоми неруҳои сиёсии мамлакат муайян намуд.

Ў дар яке аз аввалин изҳороташ ба сифати усули аслии фаъолияти роҳбарияти Тоҷикистон иброз намуданд: «Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ аст…

Мо ягон масъалаи принсипиалии ҷомеаамонро бо роҳи зўрӣ ва аз тариқи набарди мусаллаҳона ҳал карданӣ нестем. Муроду мақсадамон бунёдкорӣ асту бас».

Ба шарофати неъмати истиқлол ва татбиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар зарфи 30 сол ҳазорҳо километр роҳ, нақбҳо ва дигар иншооти азим бунёд ва таъмиру тармим гашта, барои рўзгори пурсаодат ва шоистаи мардуми кишвар шароити мусоид ба миён омадааст.

Имрўз миллати тоҷик роҳбару роҳнамо, роҳбаладу сарвари бузургу кордон ва ифтихорманд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дорад, ки як миллати бузургро роҳбаладӣ мекунанд. Имрўз миллати тоҷик давлати демократӣ, дунявӣ, созанда ва ҳуқуқбунёд дорад. Бояд афзуд, ки ҳаллу фасли ҳар як масъалаи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои Эмомалӣ Раҳмон мисли фатҳи як қуллаи баландтарин аст. Ў барои ҳалли онҳо дилпурона қадам мегузорад ва баҳри иҷрои онҳо тадбирҳои судманд меандешад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қуллаҳои баландро фатҳ хоҳад кард, зеро роҳи пешгирифтаи ин шахсияти сиёсӣ роҳест, ки миллати бостонӣ ва тамаддунсози моро дар роҳи расидан ба саодати ҳақиқӣ сазовор хоҳад гардонд.

А. БЕРДИШУКУРОВ,

мудири кафедраи умумидонишгоҳии 

сиёсатшиносии ДДХ

Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият». №: 213 04.11.2022