Ба муносибати таҷлил аз рӯзи милитсияи тоҷик дар театри вилояти ба номи М. Назаров чорабинии тантанавӣ бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят генерал лейтнанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон доир гардид.
Ҷамъомади тантанавиро сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон генерал лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ифтитоҳ намуда, бо ин санаи муҳим тамоми кормандони милитсияро аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ табрику таҳният намуд, иброз дошт, ки Рӯзи милитсияи тоҷик дар арафаи таҷлили яке аз ҷашнҳои муҳими сиёсӣ- «30 солагии- Иҷлосияи тақдирсози миллат, рост омад.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ тамоми ҳайати шахсӣ ва кормандони милитсияро ба рӯзи касбиашон табрик намуда, зикр дошт, боиси қайд аст, ки имсол таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик бо ҷашни фархундаи миллӣ, 30 –солагии Иҷлосияи тақдирсози 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад ва табиист, ки ин Иҷлосия дар баробари таҳкими пояҳои давлатдорӣ, барои рушд ва такомули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Бо амри тақдир ва интихоби дурусти вакилони Иҷлосия, фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро бар дӯш гирифт ва таҳти сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи ин шахсияти таърихӣ дар он солҳои душвору сангин давлати тозаистиқлоли мо аз парокандагӣ эмин монд. Аз баракату самараи Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олӣ Тоҷикистон аз як кишвари қафомонда ба давлати пешрафтаю обод табдил ёфт.
Дар зарфи 31 — соли Истиқлолияти давлатӣ бо иқдомҳои созандаи Ҳукумати кишвар, хоса Сарвари мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҷдиди инфрасохтори замонавӣ барои мақомоти корҳои дохилӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияту маърифати ҳуқуқии кормандони милитсия ва тарбияи ватандӯстии онҳо тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.
Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба фаъолияти кормандони милитсия баҳои арзанда дода, таъкид намуданд, ки “Ман аз ҳар кадоми шумо миннатдорам, ки бо дарки масъулияти баланд, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву садоқат вазифаву уҳдадориҳои худро дар назди давлат ва халҳи худ адо менамоед. Зеро милитсия ҳомии назму тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизатгари боэътимоди халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад. Милитсия посдори суботу оромӣ ва кафили осудагиву хотирҷамъии мардум мебошад”.
Кормадони мақомоти милитсия имрӯз низ бо дарки баланди масъулият дар сафи пеши мубориза бо ҳама гуна ҷинояткорӣ, таҳкими субот ва тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо хатарҳои муосири ҷаҳон, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳифзи моликияти давлат ва шаҳрвандон қарор дошта, вазифаҳои мушкилу мураккаби худро сарбаландона иҷро мекунанд. Зиёд гардидани эътимоду боварии мардум нисбат ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ аз он шаҳодат медиҳад, кормандони милитсия дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, суботу оромии ҷомеа дар ҳар вазъияту ҳолат омода мебошанд. Аз ин хотир, ҳамкории милитсия бо ҷомеа низ дар солҳои охир беҳтару бештар ба роҳ монда шудааст.
Дар интиҳои чорабинӣ як зумра кормандони фаъоли мақомоти қудратии милитсия барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Шоён» , Сипоснома, Ифтихорномаи Раиси вилоят ва Ифтихорномаи сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон аз ҷониби прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Орифзода Парвиз Рустам ба сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тӯҳфаи хотиравӣ ва як зумра кормандони милитсия бо Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.
Барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомбахши чорабинӣ гардид.
Сафармои Маҳмадфозил
радиои «Тоҷикистон»