Дар саросари ҷаҳон сирояти пневмакоккӣ аз мушкилиҳои ҷиддии саломатии ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Аз рӯйи натиҷаи баҳодиҳиҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола дар саросари ҷаҳон беш аз 500 ҳазор кӯдакони синни то 5 — сола аз бемориҳои пневмококкӣ мефавтанд, алалхусус кӯдакони синнашон то 2 сола. Аз 1 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ иммунизатсияи кӯдакон бар зидди сирояти пневмококкӣ оғоз гардидааст. Вобаста ба муҳимият ва баргузории ин чорабинӣ суҳбати ихтисосии Маҳмадалӣ Акрам, хабарнигори радиои “ Тоҷикистон” бо Умед Қурбонов, директори филиали Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” дар минтақаи Бохтар пешкаш мегардад.
Ваксинаи пневмококкӣ ва аҳамияти он аз чи иборат аст?
– Пневмония, менингит ва сепсис-яке аз сабабҳои маъмултарини фавт ва маъюбӣ байни кӯдакон ба ҳисоб меравад. Ваксинаи пневмококкӣ барои дар байни кӯдакон паст намудани хатари бемории пневмония, менингит ва сепсис, ки сабабгорашон пневмококкҳо мебошанд, кумак мерасонад.
Дар як вақт гузаронидани иммунизатсия бо ваксинаи пентавалентӣ, ки дар таркибаш қисми гемофилии шакли b дорад бо ваксинаи пневмококкӣ-бехатар аст. Илова бар ин, ҳар ду ваксинаҳо барои нигоҳ доштани кӯдакон аз ду микроорганизмҳои хавфнок ва паҳншуда, ки боиси пневмония ва менингит дар кӯдак мешаванд, самарнок ба ҳисоб мераванд.
Агар кӯдак сулфаи беист ё нафастангӣ ва ё дигар нишонаҳои вазнини бемориро дошта бошад, бояд фавран ба ёрии тиббии тахассусӣ муроҷиат намуд. Табобати саривақтии пневмония метавонад оризаҳои вазнини беморӣ ва фавтро пешгирӣ кунад. Қоидаи мазкур инчунин ба тамоми кӯдакони иммунизатсияшуда низ тааллуқ дорад.
Кӯдаконе, ки ваксинаи пнемококкиро қабул мекунанд, танҳо аз бемориҳои пневмония ва менингите, ки сабабгорашон пневмококкҳо мебошанд, эмин нигоҳ дошта мешаванд. Новобаста аз иммунизатсияи қабулкардаашон, ба ҳар ҳол онҳо метавонанд ба ин бемориҳо гирифтор шаванд, агар барангезандаи бемориашон дигар намуд микроорганизмҳо бошанд. Илова бар иммунизатсия, мебояд дигар усулҳои муҳофизати кӯдаконро аз гирифторшавӣ ба бемории пневмония истифода бурд, инҳо: истеъмоли ғизои солим, шири модар, илова намудани руҳ (цинк) дар ғизо, пешгирӣ намудани ифлосшавии ҳаво дар дохили биноҳо ва ғайраҳо.
Муҳим он аст, ки волидайн фарзанди худро барои иммунизатсия ба муассисаи тиббии ҷойи зисти худ, ки дар он ҳуҷраи иммунизатсия ташкил карда шудааст, баранд, зеро дар сурати ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои номатлуби ғайричашмдошт маҳз ба ҳамон муассисаи тиббии худ муроҷиат кардан осонтар мешавад. Ғайр аз ин, ба кормандони тиб осонтар мешавад бо волидайн дар тамос будан, агар кӯдаконашон аз ягон ваксина боз монда бошанд.
Давоми солҳои охир миллионҳо кӯдак бо ваксинаи зидди сирояти пневмококкӣ иммунизатсия шуда буданд ва ин ваксина самаранокию бехатарии худро нишон додааст. Дар ҳолатҳои хеле кам дар баъзе аз кӯдакон аксуламалҳои сабук ба монанди дардмандӣ ва варам дар ҷойи тазриқ, баландшавии ҳарорати бадан ба вуқӯъ меояд, одатан чунин ҳолатҳо кӯтоҳмуддат мебошанд.
Воридкунии чанд ваксина дар як рӯз барои кӯдак бехатар мебошад. Ваксинаи пневмококкӣ дар як вақт бо дигар ваксинаҳои Тақвими миллии иммунизатсия ба монанди пентавалентӣ, Рота, ИПВ ва ОПВ ворид карда мешавад. Аз ин лиҳоз, барои гирифтани ваксинаи пневмококкӣ ташрифи иловагӣ ба муассисаи тиббӣ лозим намеояд.
Бемориҳои пневмококкӣ чӣ гуна беморӣ мебошанд?
– Бемориҳои пневмококкӣ-ин гурӯҳи беморҳоест, ки барангезандаашон streptococcus pneumoniae (пневмококк) мебошад. Бемориҳои сабабгорашон пневмококкҳо бемориҳои вазнин ба монанди пневмония, менингит ва бактериемия (мавҷудияти бактерияҳо дар хун), инчунин бемориҳои сабуктар ба монанди отити гуши миёна, синусит ва бронхит мебошанд.
Тақрибан 90 намуд серотипҳои пневмококк муайян шудаанд, ки паҳншавиашон аз минтақаи ҷуғрофӣ вобастагӣ дошта, дар байни гурӯҳҳои синну соли гуногун фарқ мекунанд. Серотипҳои гуногуни пневмококк қобилиятҳои махсуси худро доранд, ки авҷгирии беморӣ аз онҳо вобастагӣ дорад. Баъзе аз серотипҳо метавонанд ба антибиотикҳо тобоварии зиёдтар дошта бошанд, аммо танҳо шумораи нисбатан ками серотипҳо метавонанд ба вазнин шудани ҷараёни беморӣ дар кӯдакон боис шаванд. Ваксинаи пневмококкии ғайрифаъолкардашудаи 10 валента бо номи СИНФЛОРИКС, ки айни замон истифода бурда мешавад, аз 10 намуд серотипҳои пневмококк муҳофизат мекунад.
Роҳҳои гузариши сирояти пневмококкӣ чӣ гуна бошад?
– Пневмококкҳо тавассути қатраҳо ба воситаи рохҳои нафаси шахсони бемор паҳн мешаванд, яъне аз шахс ба шахс тавассути сулфазанӣ, атса ва тамоси наздик паҳн мешавад.
Истифодабарии ваксинаҳои пневмококкии ғайрифаъолкардашуда чӣ гуна сурат мегирад ва дар ин маърака киҳо фаро гирифта мешаванд?
– Мувофиқи Тақвими миллии иммунизатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иммунизатсия бо ваксинаҳои пневмакоккӣ аз 1 ноябри соли 2022 оғоз гардида, он дар тартиби зерин бояд гузаронида шавад:
- вояи якум дар думоҳагӣ (байни кӯдаконе, ки аз 1 сентябри соли 2022 таваллуд шудаанд);
- вояи дуюм дар чормоҳагӣ;
- вояи сеюм дар 12 моҳагӣ.
Бо назардошти оне, ки иммунизатсияи кӯдакон бо ваксинаи пневмококкии ғайрифаъолкардашуда аз моҳи ноябри соли 2022 байни кӯдакони 2 моҳа оғоз меёбад, вояи 2-юми ин ваксина бояд дар моҳи январи соли 2023 байни кӯдакони 4 моҳа гузаронида шавад. Вояи сеюми ваксинаи мазкур, ки онро дар синни 12 моҳагӣ кӯдакон бояд қабул кунанд ба моҳи сентябри соли 2023 рост меояд.
Барои фаъолмандии волидайн дар ин маърака чи тавсияҳо медиҳед?
– Бояд кӯдакатонро дар муҳлатҳои муайяншуда бароои гузаронидани иммунизатсия ба муассисаи тиббӣ биёранд.
– Хатман бо худ шиносномаи иммунизатсияи кӯдакро бигиранд.
–Аз корманди тиб муҳлати навбатии ҳозир шудан барои иммунизатсияро пурсон шаванд.
–Рақами телефони табиби минтақавӣ ва ҳамшираи шафқатро барои гирифтани маълумоти иловагӣ навишта гирифтан лозим.
–Ҳамеша дар хотир доштан лозим, ки барои сари вақт гузаронидани иммунизатсияи кӯдаконашон ҷавобгӯ мебошанд.
Танҳо бо ҳамдастӣ ва кумаки якдигар мо метавонем, кӯдаконро аз бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорем.