Акс аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Имрӯз, 8 ноябри соли равон дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон”-и шаҳри Душанбе таҳти унвони “Ошкор намудани гемофилия, табобати он ва дигар ихтилоли хунравии нодир” конференсия баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонон аз Федератсияи Россия, роҳбарият ва кормандони Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад, дар конфронс гуфта шуд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба гирифторони бемории гемофилия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва аз рӯи имконоти мавҷуда беморон ба тарви ройгон бо «криопретсипитат» ва «плазма» таъмин мегарданд.
Ба иттилои манбаъ, дар идомаи конфронс як қатор иштирокдорон доир ба самтҳои гуногуни мавзуи мазкур маърӯза намуданд. Пагоҳ низ Конфронси мазкур идома меёбад.