Шурӯъ аз рӯзи 6 ноябр дар шаҳри Шарм-аш-Шайхи Миср Конфронси байналмилалии иқлими СММ (COP27) баргузор гардида истодааст. Дар ин Конфронс дар маҷмӯъ беш аз 120 раҳбарони ҷаҳон ширкат доранд. Дар қисми асосии COP27 сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо бо паёмҳои панҷдақиқаӣ ба саммит муроҷиат намуданд.
Дар конфронс Дабири нави иҷроияи Конвенсияи СММ оид ба иқлим (UNFCCC) Саймон Стиел суханронӣ карда гуфт, ки “имрӯз давраи нав оғоз мешавад ва мо ба таври дигар корҳоро анҷом медиҳем”. Ҳамзамон Саймон Стиел таъкид намуд, ки «Париж ба мо созишнома дод. Катовитсее ва Глазго ба мо нақша доданд. Шарм-аш-Шайхи Миср моро ба амалӣ гардондани ин нақшаҳо ба ҳам овард. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки замона иваз шудааст ва мо бояд ҳарчӣ зудтар барои амалӣ намудани тадбирҳои пешгирикунанда аз тағйирёбии иқлим ҳаракат намоем. Саймон Стиел оид ба таъсири глобалии тағйирёбии иқлим чунини гуфт: “Ба гармои тобистони имсола нигоҳ кунед, ки чӣ гуна таъсирашро ба ҷаҳон гузошт. Мушкил дар он аст, ки таъсири онро на танҳо кишварҳои осебпазир эҳсос карданд. Гармои сахт, сӯхтор, обхезӣ ва хушксолӣ аз оқибатҳое буд, ки ҳам дар Аврупо, ҳам дар Амрикои Шимолӣ ва ҳам дар Чин таъсиргузор шуд. Тағйирёбии иқлим ва таъсири он дар ҳама ҷо эҳсос шудааст.”
Гуфтаҳои Саймон Стиелро Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш низ дар суханронияш тасдиқ намуд. Ӯ аз оқибатҳои фалокатбори тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон ёдовар гардида, иброз дошт, ки “Инсоният интихоби худро дорад: ҳамкорӣ кардан ё нобуд шудан. Савол дар ин ҳолат чунин мешавад: ё паймон дар бораи ҳамбастагии иқлим ё паймон дар бораи худкушии дастаҷамъӣ”. Антониу Гутерриш аз кишварҳо даъват кард, ки паймони ҳамбастагии иқлимро имзо кунанд. Тибқи ин санад, кишварҳо метавонанд барои коҳиш додани партовҳои гулхонаӣ бештар кор кунанд, то гармшавии глобалиро дар 1,5 дараҷа нигоҳ доранд. “Болоравии ҳарорати ҷаҳонӣ идома дорад. Сайёраи мо босуръат ба нуқтаи афтанда наздик шуда истодааст, ки бесарусомонии иқлимро бебозгашт месозад. Мо дар шоҳроҳи тағйирёбии босуръати иқлим қарор ва ба сӯйи “ҷаҳаннам” бо пои худ ҳаракат дорем”- гуфт, Гутерриш.
Маврид ба тазаккур аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар 27-умин Конфронси байналмилалии иқлими СММ (COP27) суханронӣ намуданд. Сарвари давлат дар ин Конфронс гуфтанд, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми глобалии партовҳои газҳои гулхонаӣ хеле кам буда, аз рӯйи ин нишондиҳанда дар ҷойи 130-ум қарор дорад. Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуданд, ки Тоҷикистон ташаббусҳои зиёдеро барои боз ҳам кам намудани партови газҳои гулхонаӣ амалӣ мекунад. “Мо нақша дорем, ки ҳиссаи худро дар татбиқи стратегияи бе партовҳо то соли 2050 тавассути рушди энергетикаи сабз афзоиш диҳем”, – таъкид карданд Сарвари давлат дар Конфронси 27-уми СММ оид ба иқлим.
Тибқи иттилои ахир, пас аз натоиҷи рӯзи аввали Конфронси 27-уми СММ оид ба иқлим, мавзӯи бартаридошта – даъвати кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва сарватманд барои пардохти зиёни партовҳои онҳо ба миён омад. Дар рафти суханронии худ якбора якчанд роҳбарон гуфтаанд, ки кишварҳои нимкураи шимолӣ бояд талафот ва хисороти аз ҷониби кишварҳои камбизоат, асосан дар ҷануби экватор эҳсосшударо ҷуброн кунанд.
Бояд гуфт, ки кишварҳои сарватманд қаблан ваъда дода буданд, ки сар аз соли 2020 ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҳамасола 100 миллиард доллар ҷудо кунанд, то иқтисодҳои худро устувортар ва сабзтар намоянд, аммо то ба ҳол, тибқи маълумоти СММ, ин маблағ ҳамагӣ ба 83 миллиард доллар расидааст.
Парвина Самандарзода,
радиои “Тоҷикистон“