Боздиди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз корхонаҳои саноатии ноҳияи Дарвоз

Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Дарвоз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз Парки технологӣ – инноватсионии ноҳияи Дарвоз дидан кард.

Сарвазири мамлакатро Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Зикр шуд, ки дар заминаи парки мазкур ду гармхонаи замонавӣ ташкил шудааст, ки дар яке аз онҳо парвариши помидор ва дигаре меваҳои ситрусии лимон ва мандарин ташкил гардидаст.

Ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иттилоъ доданд, ки ҳамасола аз гармхонаҳои замонавӣ ҳосили хуб рӯбанда, содирот мегардад. Дар ин ҷо меҳмонон ҳамзамон бо фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳлулҳои доруворӣ шинос гардиданд, ки дар давраи пандемияи “Ковид-19” антисептик истеҳсол мекард. Алъон корхона маҳсулоти доруворӣ омода менамояд. Таҷҳизоти технологӣ аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ворид ва васлу насб шудааст.

Зимни шиносоӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва ҳайати ҳамроҳонаш аз истеҳсоли обҳои ташнашикани “Помир Аква” низ шиносоӣ пайдо карданд. Зикр шуд, ки дар ин коргоҳ оби чашма коркард ва ба хориҷ аз кишвар содирот мешавад. Дар парки замонавӣ истеҳсоли кулоҳҳои сохтмонӣ, коркарди асал, коркард ва бастабандии меваю сабзавот, аз қабили нӯшокии хуч, инчунин афшураи меваю сабзавот, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад, ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҷо ҳамчунин истеҳсоли равғани ангат низ роҳандозӣ гардидаст. Дар шаш корхонаи парки инноватсионию технологии Дарвоз беш аз 26 номгӯи маҳсулоти ватанӣ тавлид мешавад. Айни ҳол дар ин ҷо беш аз 70 нафар сокинони ноҳияи Дарвоз ба кор ҷалб шудаанд.

Дар саҳни иншоот маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳо ба намоиш гузошта шуд, ки ҳайати меҳмонон аз маҳсулоти ватанӣ дидан намуданд ва барои роҳандозӣ кардани чунин ташаббуси наҷиб баҳои арзанда доданд.

Дар ошёни дуюми парки инноватсионӣ се таҷҳизоти ҷадиди истеҳсоли ширкатҳои кореягӣ барои омода кардани мутахассисони талаботи бозори меҳнат, аз қабили таъмиргари нақлиёти автомобилӣ, кафешгари газию барқӣ дараҷаи шашум, ронандаи мошинҳои гаронвазн, ба монанди булдозер, экскватор насб гардидааст.

Зимни муаррифии лоиҳаҳои ҷадид иттилоъ дода шуд, ки минбаъд дар заминаи Парки технологӣ ‐ инноватсионӣ истеҳсоли панелҳои офтобӣ роҳандозӣ мегардад.

Дар доираи ҳамкориҳои судманди ширкатҳои кореягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарвазири мамлакат тариқи маҷозӣ имкониятҳои ҷорӣ кардани технологияи пешрафта дар истеҳсолот рӯнамоӣ карда шуд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз фаъолияти корхонаҳои Парки технологӣ ‐ инноватсионӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сарвазири мамлакат ҳамчунин аз корхонаҳои саноатии ҶДММ “Меваҳои Бадахшон”, “Карон пласт”, корхонаи банду басти маҳсулоти макаронӣ, коркарди санг, боғи фарҳангӣ ‐ фароғатии “Вамар – Ленд” дидан намуданд.