Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро ҳодисаҳои марбут ба табиат, аз ҷумла обу иқлим ба ташвиш андохтааст. Махсусан норасоии оби ошомиданӣ ва дар натиҷаи гармшавии ҳаво аз байн рафтани захираҳои обӣ метавонад вазъияти муракаби ҷаҳонро боз ҳам муракабтар гардонад. Ин нуктаро сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зист Саийдисмон Судурзода дар назди рӯзноманигорон ҳангоми сафар ба обанбори «Норак» иброз намуд.
Рӯзи 28–уми октябр бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ, як гурӯҳ намояндагони ВАО ба обанбори «Норак» сафарбар гардиданд. Сафари навбатии рӯзноманигорон дар доираи маҳфили клуби эко-журналистон ва чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” сурат гирифт. Дар ҷараёни сафар рӯзноманигорони расонаҳои гуногуни кишвар аз ин иншооти бузурги энергетикӣ дидан намуда, аз фаъолияти сохтмончиён, ки шабонарӯз баҳри таъмини энергетикии кишвар заҳмат мекашанд, бохабар шуданд.
Тибқи нақшаи барномаи сафар сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зист Саийдисмон Судурзода дар мавзуи “Аҳамияти миллӣ ва минтақавии обанбори зикршуда, ва саҳми он дар соҳаҳои экологӣ, кишоварзӣ ва иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ” ба аъзоёни маҳфил маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Ба иттилои номбурда, ҳамасола, дар ҶТ 64 млрд метри кубӣ об ташаккул меёбад, ки ин 60%-и захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳад. Аммо, аз ин миқдор Тоҷикистон танҳо 20 фоизро истифода мебарад. Тавре сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зист Саийдисмон Судурзода иброз намуд, обанборҳо аз ҷиҳати экологӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, рушди туризм, энергияи сабз ҳам аз ҷиҳати танзими истифодаи об манфиатноканд. Имкон дорад, ки рушди моҳипарварӣ дар обанбор равнақ дода шавад. Гуфта шуд, ки бо ин мақсад 2 сол пеш дар обанбори «Норак» аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист зиёда аз 1 млн моҳичаҳо сар дод шуданд.
Ба таъкиди сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зист Саийдисмон Судурзода иқтидори энергетикие, ки дар манбаъҳои обии Тоҷикистон аст, 527 млрд кв соат дар як солро ташкил мекунад, ки аз ин миқдор дар шароити Тоҷикистон ҳамагӣ 5-6 фоиз истифода мегардад. Яъне ин миқдор метавонад 3 маротиба талаботи кишварҳои Осиёи марказиро таъмин намояд.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки дар заминаи обанбори «Норак» корхонаҳои азими саноатӣ, аз ҷумла заводи алюмини тоҷик, заводи азотии Вахш, заводи химиявии Ёвон, бунёд ёфтанд, ки инҳо дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ нақши калон доранд. “ҶТ на он қадар ҳаҷми зиёди партови газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера дорад. Аммо аз ҳама бештар дар минтақаи Осиёи Марказӣ осебпазир аст. Чунки захираҳои обие, ки дар шимолу шарқии мамлакат ҷойгир ҳастанд, ҳангоми зиёд шудани гармшавии иқлим босуръат об мешаванд,-мегуяд сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зист Саийдисмон Судурзода. Ба андешаи ӯ обшавии пиряхҳо ба фоиҷаи экологӣ оварда мерасонад. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон бо ташаббусҳои нишондодаи худ дар самти обу иқлим ҳамеша пешсаф аст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» зикр намуда буданд, ки Тоҷикистон, ки дар қаламрави он 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд, ҳамеша хостори истифодаи самараноки онҳо ба манфиати кулли кишварҳои минтақа мебошад”,-иброз намуд сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зист Саийдисмон Судурзода.
Ҳамин тавр дар охир аз ҷониби рӯзноманигорон бо масъулин оид ба масоили марбут ба обанбори «Норак» ва дигар манбаъҳои обии кишвар, саволу ҷавоб сурат гирифт.
Баҳруллои Муҳаммадшариф
радиои “Тоҷикистон”