Бозиҳои даври 19-уми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ натиҷагирӣ шуд.
Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар даври 19-ум дар гурӯҳи «А» ду бозӣ баргузор шуд.
Гуфта мешавад, дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бар дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 4:3 ғалаба кард.
Голҳои дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро Тоҳирҷон Тағойзода (2 гол), Нуриддин Ҳамроқулов, Рустамҷон Кучкаров, голҳои дастаи КМВА-и шаҳри Душанберо Хуршед-Тимур Ҷураев, Аласса Монгбет ва Комрон Иброҳимов ба нишон расониданд.
Бозии дигари гурӯҳ миёни дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби мусовии 3:3 анҷом ёфт.
Ҷаҳонгир Эргашев аз дастаи «Хуҷанд» ва Абдухалил Боронов аз дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дуголӣ ба ҳадаф расониданд. Якголии дигарро дар ҳайати дастаи «Хуҷанд» Хушнудбек Бозоров ва дар ҳайати дастаи «Равшан» Шодиҷон Муродов ба нишон расониданд.
Бояд гуфт, ки марҳилаи сеюми Чемпионати Тоҷикистон имсол дар шакли нав баргузор мешавад.
Дастаҳое, ки дар қисми аввал ҷойҳои 1-5-умро гирифтанд, дар гурӯҳи «А» барои ҷоизаҳо ва дастаҳое, ки ҷойҳои 6-10-умро касб карданд, дар гурӯҳи «В» барои нигоҳ доштани мавқеашон дар Лигаи олӣ талош мекунанд.
Натиҷагирии даври 19-уми Чемпионати футболи Тоҷикистон