Баҳодур Усмонов дар рақобати аввалинаш дар Чемпионати Осиё аз сабаби ба рақобат ҳозир нашудани рақибаш пирӯз шуд

Варзишгари муваффақи тоҷик аз риштаи бокс Баҳодур Усмонов дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба бокс, дар кишвари Урдун зери вазни -63,5кг ба осонӣ ба даври дуюм роҳ ёфт.

Рақиби варзишгари тоҷик Нодир Бадрон аз кишвари Қувайт барои рақобат бо Баҳодур Усмонов ҳозир нашуд ва ҳамин тавр муштзани тоҷик ба даври навбатӣ роҳ ёфт.

Дар марҳилаи 1/8 ниҳоӣ Баҳодур Усмонов бо муштзани тайландӣ Сомчай Вонгсуван рақобат мекунад. Рақобат миёни ин варзишгарон рӯзи 4-уми ноябр баргузор мегардад. Бояд қайд намоем, ки соли гузашта дар марҳилаи 1/8 ниҳоӣ Чемпионати Осиё оид ба бокс Баҳодур Усмонов аз Сомчай Вонгсуван дучори шикаст гардида буд.

Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Аммони кишвари Урдун то 12-уми ноябр идома меёбад.