Дар рӯзи дуюми баргузории форуми байналмилалии сайёҳии зиёратӣ, ки дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон то таърихи 3-юми ноябри соли ҷорӣ идома меёбад, ҳайати иштирокдорони он ба Маркази илмӣ-тадқиқотии байналмилалии Имом Ал-Бухорӣ ташриф оварданд. Дар доираи ҳамоиши мазкур, дар Маркази таҳқиқи таърих, санъат ва маданияти исломӣ форуми илмӣ-амалӣ баргузор шуд.
Дар ин бора Лутфуллои Азиз, хабарнигори радиои “Тоҷикистон” аз шаҳри Самарқанд хабар медиҳад. Ба иттилои мушовири вазири сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Темур Мирзоев зимни нишасти хабарӣ, “Ҳафтаҳои байналмилалии саёҳии зиёратӣ” қабл аз ҳама муаррифии мавзеъҳои саёйҳии зиёратии Самарқанди бостон будааст. Ҳамчунин мавсуф қайд кард, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1-ҳазору 237 зиёратгоҳҳо мавҷуд буда, ҳар кадоме аз онҳо дар боло рафтани сатҳи сайёҳии кишвар нақши муассир мебозанд. Аз ин шумор 1 ҳазору 180 адади онҳоро зиёратгоҳҳое ташкил мекунанд, ки маҳз ба фарҳанги исломӣ мутааллиқ мебошанд. Инчунин аз ин шумул, 50 адад калисову маъбудаҳои насронӣ ва 8 зиёратгоҳи яҳудиён ба қайд гирифта шудаанд. Ҳадафи асосӣ аз баргузории ин чорабинии фароқоравӣ дар ин омил маънидод гардид.
Ҳамчунин, аснои суҳбат сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз дошт, ки дар ҳоли ҳозир дар кишвари Тоҷикистон бештар аз 130 мавзеъҳои зиёратӣ мавҷуд буда, муъруфтарини онҳо мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мебошад. Ба зикри мавсуф, дар радифи дигар навъҳои сайёҳӣ, сайёҳии зиёратӣ роҳандозӣ шуда, ба ҳукми анъана даромадааст, ки падидаи хубе ба ҳисоб меравад. Ӯ афзуд, ки мусалмонони тамоми дунё хоҳиши дидан ва зиёрати зиёратгоҳҳои Осиёи Марказиро доранд, ки чунин форумҳои сайёҳии зиёратӣ мувофиқи мақсад аст.
Ёдовар мешавем, ки “Ҳафтаҳои байналмилалии сайёҳии зиёратии ” бо ташаббуси Вазорати сайёҳӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳандозӣ шудааст.