Як сокини 17-солаи деҳаи Мингдонаи ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷекати вилояти Суғд ҳангоми ҷамъоварии ҳезум ба ҳалокат расидааст.
Тавре КҲФ хабар медиҳад, ин ҳодиса рӯзи якуми ноябр тахминан соати 18:40 дақиқа рух додааст ва гуфта мешавад, ки ин писарбача ҳангоми ҷамъоварии ҳезум қоидаҳои бехатариро риоя накардааст ва пояш лағжидаву ба дарёи Зарафшон сарозер шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷустуҷӯйи ҷасади ӯ аз ҷониби имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дирӯз бенатиҷа анҷом ёфт ва субҳи имрӯз ин ҷустуҷӯҳо аз сар гирифта шуданд.