Роҳбарияти Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев” ба хонандагони камбизоат, ятим ва нимятими муассиса барои фасли зимистони дар пешистода болопӯшҳои гарм (куртка) тақдим намудааст.
Дар ин бора сомонаи Вазорати фарҳанг хабар дода, менависад, ки дар маросими туҳфасупорӣ директори муассиса Қиёмиддин Иброҳимзода ба ин шогирдон хониши хубу аъло, интизоми намунавӣ таманно намуда, болопӯшҳоро ба ҳар яки онҳо пӯшонид.
Хонандагон низ бо хушҳолию табъи болида болопӯшҳоро ба бар карда, назди роҳбарият ва устодони муассиса иброз доштанд, то дар омӯзишу хониш, рафтору гуфтор намунавӣ бошанд.
Акс аз Вазорати фарҳанг