Рӯзи 24 октябр дар шаҳри Душанбе Барномаи омӯзишии мудирияти тиҷорати фаромарзӣ муаррифӣ гардид.
Тибқи ин Барнома, ҷомеаи тиҷоратии Тоҷикистон имкон пайдо мекунанд, ки барои аз бар намудани донишҳои тиҷорати байналмилалӣ ба дарсҳои онлайнӣ ва ҳам рӯ ба рӯ фаро гирифта шаванд.
Ҳадаф аз роҳандозии ин ибтикор боло бардоштани сатҳи дониш ва огоҳӣ аз имконияти нави содиротӣ мебошад, ки метавонад фаъолияти соҳибкорон дар Тоҷикистонро ба сатҳи нав бардорад. Роҳандозӣ намудани барномаи мазкур бо назардошти тағйироти саросарӣ дар ҷаҳон ва пайдоиши роҳҳои нави тиҷоратӣ сурат гирифтааст.
Дар ин чорабинӣ, ки дар он Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алиҷон Алиев, роҳбари лоиҳаи Маркази байналмилалии савдо дар Тоҷикистон, Эстев Морел, корманди лоиҳаи Ready4Trade ва намояндагони дигар идораву ташкилот иштирок доштанд, ин иқдомро ба маврид пиндоштанд.
Ба гуфтаи Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин Палата дар якҷоягӣ бо Маркази байналмилалии савдо аз моҳи июн барномаҳои омӯзишии ройгонро оид ба қоидаҳои тиҷорати байналмилалӣ барои содироткунандагон ва бахши хусусии Тоҷикистон роҳандозӣ кардаанд, ки он феълан дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд роҳандозӣ шудаанд ва онҳо кӯшиш доранд, онро дар дигар минтақаҳо низ амалӣ созанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хотири рушди содирот диққати ҷиддӣ медиҳад. Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ гуфт, ки Ҳукумати кишвар вобаста ба дастгирии соҳибкорон ва рушди иқтисоди кишвар чораҳои муассир меандешад, аз ҷумла «Барномаи давлатӣ доир ба рушди содирот барои солҳои 2021-2025», дар соли 2021 қабул шуд, ки дар доираи он, иҷрои зиёда аз 160 тадбир ва нақшаву чорабиниҳо пешбинӣ гардидааст.
«Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ҳаҷми содиротро ба кишварҳои ҷаҳон бештар созад. Дар ин давра, маҳсулоти содиротии Тоҷикистон аз 40 номгӯе, ки қаблан буд, ба зиёда аз 450 номгӯй баробар гардид. Тоҷикистон аввалин маротиба соли 2021 тавонист, ки содироти маҳсулоти худро ба зиёда аз 2,3 млрд доллар расонад. Дар доираи татбиқи лоиҳаи Маркази байналмилалии савдо, яъне Барномаи омӯзишии мудирияти тиҷорати фаромарзӣ, ки дар доираи Лоиҳаи Ready4Trade бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад, умедворем, ки ин барнома шароити хубе фароҳам меорад, то дар оянда бидуни монеаҳои иловагӣ содироткунандагон маҳсулоти худро пешниҳоди бозорҳои ҷаҳонӣ намоянд»,- гуфт Абдураҳмонзода.
Дар ҳамин ҳол, Алиҷон Алиев роҳбари лоиҳаи Маркази байналмилалии савдо дар Тоҷикистон гуфт, онҳо барои пешрафти соҳаи савдо ва саноат як чанд лоиҳа ва шарикон доранд ва яке аз шарики муҳимашон Тоҷикистон ба шумор меравад ва мақсади онҳо низ баррасии мушкилоти тиҷорати байналмилалӣ ва содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба хориҷи кишвар аст.
Саидэҳсон Ҷалолиён
радиои “Тоҷикистон”