Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хоҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ нусхаи эътимодномаҳои сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Григоревро қабул кард.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро муҳокима намуданд.
С. Имомӣ С. Григоревро ба муносибати таъйин гардидан ба мансаби сафири кишвари дӯст табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти дипломатиаш ҷиҳати рушди бемайлони муносибатҳои дуҷониба муваффақият орзу намуд.