Бахшида ба “Иди Меҳргон” фестивал, намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ баргузор мешавад

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ хабар додааст, ки ба муносибати “Иди Меҳргон” чандин чорабиниро ба нақша гирифтаанд.

Аз ҷумла, бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе санаи 15 октябр дар МД “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ”-и пойтахт “Иди Меҳргон, фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ” бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Дар назар аст, ки дар чорабинӣ кишоварзони мамлакат аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо дастранҷи иштирок менамоянд.

Ҳамзамон вазорату идораҳои дахлдор, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва фаъолони вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.