Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ хабар додааст, ки то санаи 3-юми сентябри соли равон ҳосили умумии картошкаи ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 476098 тоннаро ташкил медиҳад.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 32158 гектар буда, ба ВМКБ 1270 гектар, вилояти Суғд 15309 гектар, вилояти Хатлон 5817 гектар ва ба НТҶ 9765 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 30.09.2022 майдони ҷамъовари кардашуда дар ҷумҳурӣ 22169 гектар буда, ба ВМКБ 645 гектар, ба вилояти Суғд 10675 гектар, вилояти Хатлон 5807 гектар ва ба НТҶ 5042 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 215 сентнер буда, ба ВМКБ 144 сентнер, ба вилояти Суғд 239 сентнер, вилояти Хатлон 175 сентнер ва ба НТҶ 218 сентнер рост меояд.