Тими ҷавонони Тоҷикистон (U-17) бозии аввалинашро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 бо ғалаба анҷом дод

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17) зери роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар оғози мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “Н” бар тими Муғулистон бо ҳисоби калони 3:0 ғалаба ба даст овард.

Аз ҳайати тими ҷавонони кишвар голҳоро Абубакр Сулаймонов ва Шеравган Саидов ба самар расониданд. Як голи дигаро футболбозони Муғулистон ба дарвозаи худ ворид намуданд.

Дар даври ниҳоии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17) рӯзи якшанбеи 9-октябр бо ҳамсолони худ аз Афғонистон рақобат мекунад.