Рӯзҳои 8-9 октябр дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе якумин мусобиқа оид ба таэквондо – “Ҷоми Сафири Корея” доир мегардад.
Варзишгарони дорои камарбанди сурх (дараҷаҳои 1, 2 ва 3) дар мусобиқа иштирок карда метавонанд. Иштирокчиён дар мусобиқа аз рӯи сол ба 4-гурӯҳ тақсим мешаванд. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 500-варзишгар дар сабқатҳои инфиродӣ ва даставӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.
Мусобиқа ба муносибати 30-солагии истиқрори равобити дипломатии Корея ва Тоҷикистон, рушди варзиши таэквондо ва ҷалби наврасону ҷавонон ба ин намуди олимпии варзиш доир карда мешавад.
Дар маросими кушодашавии мусобиқа, ки 9-октябр, соати 17:00 баргузор мешавад, сафири Корея Квон Донгсок, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло иштирок менамоянд.