Имрӯз дар толори АМИТ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Пешвои миллат-ҳомии забон», конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар кори он олимону донишмандон ва забоншиносони варзида ширкат дошта, роҷеъ ба муҳимият ва моҳияти забони давлатӣ дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистон, эҳё ва рушди забони давлатӣ дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои миллат изҳори назар намуданд.
Ҳамоиши илмӣ-амалиро Президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ бо сухани табрикотӣ ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки воқеан имрӯз як рӯзи муборак, санаи таърихӣ дар таърихи навини давлатдории мо яъне Рӯзи забони давлатӣ, забони миллати тоҷик аст. Махз ҳамин забон буд, ки дар тӯли 6 ҳазор сол ин миллатро то ба имрӯз расонид ва бо боварӣ метавон гуфт, ки боз ҳазорсолаҳо миллати моро ин забон ба қарнқои оянда мерасонад ва тавсасути забон ин миллате, ки кӯҳанбунёд, тамадунсоз ва тамадунофар аст, дар рушди тамаддуни инсонӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Инчунин, дар рафти кори Конференсия Мирзоҳасани Султон, узви вобастаи АМИТ, изҳор дошт, ки мояи ифтихормандии мост, ки имрӯз дар даврони ташаккули худ забони тоҷикӣ бисёр марҳилаҳои тўлонӣ ва мураккабу пурпечутобро тай карда, санҷишҳои сахту сангини таърихро паси сар намуда, имрӯз низ дар даврони Истиқлол ва бунёди давлати миллӣ рисолати худро ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ, идома дода истодааст. Тазаккур дода шуд, ки воқеан камоли забони миллат бо сухани тоҷикӣ бори нахуст аз минбарҳои баландтарини ҷаҳон аз забони Пешвои миллат доир ба арзи ҳастӣ кардани давлату миллати тоҷик оғоз шуд ва боз ҳам исбот гардид, ки забони модарӣ “нишонаи гӯёи ҳастӣ”-и миллати тоҷик аст.
Конфронси мазкур, ки бо ибтикори Институи забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ дар сатҳи зарурӣ сурат гирифт, дигар олимону муҳаққиқон ва забоншиносони шинохтаи кишвар вобаста ба гиромидошти забони ноби тоҷикӣ перомуни мавзӯъҳои марбут ба забони ноби тоҷикӣ аз қабили «Забони миллӣ, манфиати миллӣ ва Ваҳдати миллӣ – арзишҳои муҳимми Истиқлоли давлатӣ», «Забон ва Истиқлол», «Заминаҳои ҳуқуқии рушди забони давлатӣ дар Тоҷикистон» ва дигар мавзӯъҳои марбут ба Рӯзи забони давлатӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Олуфта Шарифова
радиои “Тоҷикистон”