«Гиёҳнома» // «Ҷонварнома»-и Абуалӣ ибни Сино бори аввал бо забони тоҷикӣ чоп шуд

Бо ибтикори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Гиёҳнома» // «Ҷонварнома» асари Абуалӣ ибни Сино аз бахши табииёти Донишномаи бузарги фалсафии он «Китоб-уш-Шифо» бори аввал дар тарҷима ва тафсиру таҳқиқ ба забони тоҷикӣ ба нашр расид.

Мақолаи муқаддимавӣ, шарҳу тафсир ва аз арабӣ тарҷумаи асар маҳсули қалами  Сулаймон Саидраҳмон мебошад.  Муҳаррирони ин асар  К. Исмонов ва Н. Солеҳов мебошанд. Нашри тоҷикии он бо сарсухани ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доктори илми иқтисод, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт манзури хонандагон гардидааст.

Шайхурраис дар «Гиёҳнома» («Китоб-ун-наботот») олами растаниҳоро бо як равиши илмии ба худ хос ва истилоҳоти дақиқи илмӣ ботаника тасвир намудааст.

Дар миёни осори табиатшиносии Ибни Сино рисолаи ӯ бо номи «Китоб-ун-наботот» ки ба омӯзиши растаниҳо бахшида шудааст, ҷойгоҳи хосса дорад. Мероси табиатшиносии Ибни Сино бо вуҷуди шуҳрат маъруфияти ӯ чун мутафаккир, табиатшинос ва табиб дар Аврупо, Россия кишварҳои арабӣ ва Эрону дигар мамолик ҳанӯз аз мадди назари донишмандон дур намонда, ин осор то ҳол мавриди тарҷима ва тадқиқоти ҷидди қарор нагирифтааст». «Китоб-ун-наботот» аз назари сохтор аз як мақола ва ҳафт фасл иборат мебошад. Аз ҷиҳати мазмун услуби нигориш ва истилохоти хосаи он аз сарчашмаҳои муҳими табиатшиносии асрҳои миёна ба ҳисоб рафта, Ибни Сино дар фасли аввали рисола бо номи Андар (шинохти) пайдоши наботот, тарзи ғизогирии он, наринагӣ ва модинагии он ва асли миҷозаш сухан мегӯяд. Мавзуи фасли дуюми рисола зери унвони «Андар (шинохти) аъзои растанӣ дар оғози рушду нумуъ ва баъди он» мебошад.

Фасли сеюми рисола таҳти унвони «Андар (шинохти) мабдаъҳои ғизодиҳӣ, тавлид кардан ва таваллуд намудан дар растани аст.
Дар фасли чаҳоруми рисола бо номи «Андар (шинохти) ҳолати таваллудшавии ҷузҳои растаниҳо ва ҳолати ихтилофи онҳо ва ихтилофи растаниҳо тибқи кишварҳо» маълумот гирдоварӣ шудааст. Ибни Сино дар фасли панҷум «Андар (шинохти) муаянсозии ҳолати тана, шохаҳо ва махсусан баргҳо» таҳқиқ ба амал овардааст. Дар фасли шашум «Он чи аз растанӣ, ҳосил, тухмӣ, хор, шира ва монанд ба онҳо пайдо мешавад» ба риштаи баҳс кашидааст. Фасли охирин ва ҳафтуми рисола «Сухани кулли Андар (шинохти) навъҳои растанӣ ва пасон гуфтор андар мизоҷҳои ашёе, ки нафси наботӣ доранд» ном дошта, бо баъзе фарқиятҳо ба мақолаи якуми фасли аввали китоби «Ал-қонун фит-тиб» бо номи «Андар мизоҷи доруҳои муфрада» шабоҳат дорад.

Дар «Китоб-ул-ҳайвон», ки аз 19 мақола ва 63 фасл иборат аст, мутафаккир олами инсон ва ҳайвонот, муносибати мураккаб ва муборизаи шадиди байни онҳоро дар масири ҳаёт бо дидгоҳи олимона ва мушоҳидаҳои мушикофона тасвир кардааст. Ҳар ду асар аз сарчашмаҳои боэътимоди пайдоиш ва ташаккули истилоҳоти растанишиносӣ, тиб ва байторӣ дар забонҳои арабӣ ва форсӣ (тоҷикӣ) буда, аз манбаъҳои муҳим барои омӯзиши таърихи илм дар асрҳои миёна ба шумор мераванд.

Китоб барои мутахассисони соҳаи растанипарварӣ, тиб, байторӣ, табиатшиносӣ, ховаршиносон, даоираи васеи хонандагон ва муҳаққиқон омода гардидааст.