Дар Душанбе Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни мунтахабҳои то 17-сола баргузор мешавад

Рӯзҳои 5-9 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни мунтахабҳои ҷавонони то 17-сола дар гурӯҳи “Н” баргузор мегардад.

Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “Н” бо тимҳои Афғонистон ва Муғулистон барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 талош мекунанд.

Дар оғози марҳилаи интихобӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон U-17 зери роҳбарии Раҳматулло Фузайлов бо тими миллии Муғулистон бозӣ мекунад. Вохӯрӣ миёни ин тимҳо рӯзи 5-уми октябр баргузор мешавад. Дар даври ниҳоӣ рӯзи 9-уми октябр ҷавонони мо бо ҳамсолони худ аз Афғонистон вомехӯранд.

Бояд қайд намоем, ки аз рӯи натиҷаҳои даври интихобӣ ғолибони 10-гурӯҳ ва 5-дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро соҳиб шудаанд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.