Баргузории конференсия доир ба имкониятҳои рушди сайёҳии устувор дар шаҳри Душанбе

Имрўз дар МД Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Душанбе – шаҳри имкониятҳои рушди сайёҳии устувор”, баргузор гардид.

Дар кори он намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, вазорату идорахои давлатӣ, корпусхои дипломатӣ ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок доштанд.

Конфронси сатҳи баландро муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ифтитоҳ бахшида, таъкид кард, ки чорабинии имрўза ба рўзи чаҳонии сайёҳӣ бахшида шуда, дар рушду робитаҳои бисёрҷонибаи сайёҳии устувор ва ҳадафҳои муштараки сатҳи миллию минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Инчунин тавзеҳ дода шуд, ки бо шарофати сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои пешгирифтаи  раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ чиҳати рушди устувори пойтахт ва муҳайё сохтани зиндагии шоиста солҳои охир корҳои назарас анҷом дода шуда,  дар натича шаҳри Душанбе яке аз шаҳрҳои рушдкунандаи муосир табдил гардидааст.

Ҳамин аст, ки тибқи назарсанҷиҳои Агентиҳои иттилоотии Федератсияи Руссия Душанбе  маркази илмию фарҳангӣ ба даҳгонаи кишварҳои аъзои ИДМ ворид гардидааст. Дар ин хусус ҳамкорамон О. Шарипова аз макони баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланд  иттилоъ дод.

Олуфта Шарипова

радиои “Тоҷикистон”