Аз 6-ум то 13-уми октябр шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини ҷудо миёни калонсолон баргузор мегардад.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Чемпионати ҷаҳон 563-варзишгар (305-мард, 258-зан) аз 85-кишвари ҷаҳон номнавис шудаанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9-варзишгар намояндагӣ хоҳанд кард.
-66кг – Эмомалӣ Нуралӣ
-73кг – Беҳрӯз Хоҷазода
-73кг – Муҳаммадраҳим Сарахонов
-81кг – Шодмон Ризоев
-81кг – Сомон Маҳмадбеков
-90кг – Ҷаҳонгир Маҷидов
-90кг – Комроншоҳ Устопириён
-100кг – Абубакри Акобир
+100кг – Темур Раҳимов
Чемпионати ҷаҳон аз рӯи 7-вазн миёни мардҳо ва 7-вазн миёни бонувон, инчунин рақобатҳои даставӣ сурат мегирад. Тибқи низомнома рақобатҳо ҳар рӯз, як вазн миёни мардҳо ва як вазн миёни бонувон доир мегардад. Рақобати даставии омехта дар рӯзи охир ба нақша гирифта шудааст.
Ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Дар қувваозмоиҳои инфиродӣ барои ҷои аввал 26000-евро, барои ҷои дуюм 15000-евро ва барои ҷои сеюм 8000-евро муайян гардидааст. Дар рақобати даставии омехта бошад, ба ғолиб 90000-евро, ба барандаи ҷои дуюм 60000-евро ва ба барандагони ҷои сеюм 25000-евроӣ тақдим хоҳад шуд.