Имрӯз дар назди маркази савдои Садбарги шаҳри Душанбе бо иштироки ширкатҳои пудратчии ҶСК «НБО Роғун» ярмаркаи ҷойи кор ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Ярмаркаи мазкур аз соати 9:00 оғоз шуда, корҷӯёну касбомӯзон то нисфирӯзӣ омада, бо ҷойҳои кори холӣ шинос гардида, мутобиқ ба ихтисосҳои худ ҷойҳои кориро интихоб намуданд.
Дар ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод, ки бо ибтикори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии кишвар роҳандозӣ гардида, дар баробари пешниҳоди ҷойҳои корӣ, инчунин барои касбомӯзон гӯшаи ҳунарҳои миллӣ ташкил карда шуданд, ки аз фаъолияти хуби муассисаҳои касбӣ далолат менамуд. Нозанин Сафарзода яке аз нафароне мебошад, ки барои ёфтани марказҳои касбомӯзӣ омада, дар яке аз онҳо худро номнавис кардааст. Ба гуфтаи номбурда омӯхтани ҳунар барои духтарони ҷавон имкон медиҳад, ки зиндагии худро хубтару беҳтар ба роҳ монанд.
Ба иттилои муовини аввали директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Давлат Носирзода аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии “НБО Роғун” дар маҷмуъ 2677 ҷойҳои кории холӣ пешниҳоди корҷӯён гардонида шуд. Ба таъкиди мавсуф музди маош шартномавӣ буда, аз 2700 то 4500 сомонӣ пешниҳод шудааст.
Ҳамзамон, 136 ташкилоту корхонаҳои саноат, сохтмон ва энергетика низ дар ярмака иштирок намуда, 7711 ҷойҳои кории холиро ба 2136 нафар шаҳрвандони бекор пешниҳод карданд.
Бахтовари Ҷӯрахон мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки 30 корхонаву муассисаи ҳудуди ноҳия зиёда аз 1336 ҷойҳои кории холиро ба шаҳрвандони корҷӯ пешниҳод карданд. Номбурда афзуд, ки имрӯз ба ин корхонаҳо зиёда аз 20 нафар худро номнавис карданд.
Ба иттилои масъулин дар ин раванд тавассути муассисаҳои таълимӣ – касбии Агентӣ 108 шаҳрванди бекор ва корҷӯ ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, ба онҳо машварати касбӣ расонида шудааст. Бояд гуфт, ки ярмаркаи мазкур на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ш. Хоруғи ВМКБ, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳри Бохтар ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон шуруъ аз соати 9-и субҳ доир гардид.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон“