Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ зери унвони “Мавлоно-муршиди ваҳдат ва гуфтугуи тамаддунҳо” бахшида ба 815 солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид. Дар конфронси мазкур муҳақиқон, коршиносон ва роҳбарони мақомоту идораҳои давлатии дохилӣ ва намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷ иштирок намуданд. Нахуст директори КМТ Ҷумахон Файзализода баромад намуда, зикд дошт, ки таълимоти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳидоятгари роҳи рост, андешаи дуруст, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ваҳдату инсондустӣ ва саодати ҳамешагии кули олам аст.
Мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеа Масрур Абдулозода зимни суханронии хеш иброз дошт, ки Мавлоно ҷалолиддини Балхӣ яке аз он чеҳраҳои беназиру соҳибном дар адабиёт ва тамаддуни оламшумули форсу тоҷик маҳсуб мегардад, ки бо анҷоми рисолати инсонӣ ва суханронии хеш номи худро дар саҳифаҳои таърихи натанҳо тоҷикон, балки кули башарият абадӣ гардонид. “Ҳарчанд имрӯз дар тамоми манотиқи ҷаҳон дар кишварҳое, ки ҳазорон чеҳраҳои бузурги адабиву фарҳангӣ дорад, дар ҳамаи марказҳои илмиву пажуҳишӣ ва ҳунарӣ аз осори Мавлоно иқтибос меоранд ва уро ба андозаи як инсони ормонӣ ва идеал ёд мекунанд. Ҳамаи ин гувоҳи эътирофи Мавлонои Балхӣ ба ҳайси як мутафакир ва шоири барҷаста дар миқёси умумиҷаҳонӣ аст”,-зикр доштанд Масрур Абдулозода.
Ба таъкиди Кароматулло Олимов узви пайвастаи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон мероси Мавлоно аз лиҳози баёни масоили таърихӣ, забонӣ, истилоҳӣ, фолклор арзиши хеле муҳим дорад. Вале ситоиши инсон, баланд бардоштани мақоми ӯ хидмати бузурги байналмилалии Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии имруза руҷуъи таърихӣ ба фарҳанги девондориву китобнависӣ, тамаддунофариву давлатдории халқи тоҷик ва баҳрабардорӣ аз осори мондагору инсонгароёнаи ниёгонамон мебошад, ки ҷиҳати рушди рузафзуни соҳаи китобдорӣ, ҷалби оммаи васеъи мардум ба китобу китобхона ногузир арзёбӣ мегардад.
Баҳруллои Муҳаммадшариф
радиои “Тоҷикистон”