Раиси Ассосиатсияи занҳои соҳибкори Хатлон ба қаллобӣ гунаҳгор мешавад

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боз кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба раиси Ассосиатсияи занҳои соҳибкори Хатлон бо иттиҳоми қаллобӣ хабар додааст.

Тавре маркази матбуоти ин Агентӣ хабар медиҳад, Назирова Рано Маджидовна дар вазифаи раиси Ассосиатсияи занҳои соҳибкори Хатлон кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ба боварии занҳои соҳибкор даромада, барои қабул намудан ба аъзогии Ассотсиатсия мазкур, аз онҳо дар 200 ҳолат маблағи умумӣ 748435 сомониро гирифта ваъда додааст, ки маблағҳои гирифтаашро дар суратҳисоби соҳибкорон нигоҳ дошта, дар баробари ин аз ҳисоби Фонди хориҷии “МАR/IIICOPITAL” ба онҳо маблағи грантии бебозгашт ҷудо карда медиҳад.

Бо ҳамин тарзу усул Назирова Рано Маджидовна маблағи бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ба дастовардаашро тасарруф намуда, ба занони соҳибкор зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Назирова Рано Маджидовна бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.