Имрӯз 25-сентябр дар варзишгоҳи “The 700-th Anniversary of Chiang Mai” мунтахабҳои Тоҷикистон ва Малайзия дар финали “Ҷоми подшоҳӣ-2022” (King’s Cup-2022) бо ҳам рақобат намуданд.
Дидори дастаҳо соати 18:30 бо вақти Душанбе оғоз гардида, бо натиҷаи 0:0 ба охир расид. Барои муайян гардидани ғолиб довар зарбаҳои 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ) таъин кард. Аз рӯи зарбаҳои 11-метраи ҷаримавӣ тими мунтахаби Тоҷикистон тавонист, бо ҳисоби 0:3 ғалаба карда, ғолиби 48-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми подшоҳӣ-2022” (King’s Cup-2022) гардид.
Бояд қайд намоем, ки дар ин рақобат қаҳрамонии асосиро дарвозабони тими мунтахаби кишвар Рустам Ятимов нишон дод ва се зарбаи задаи футболбозони Майлайзияро бо як далерию қаҳрамонӣ баргардонид.
Малайзия 0:0 Тоҷикистон
Аз рӯи зарбаҳои 11-метраи ҷаримавӣ 0:3.