Рӯзҳои 23-25 сентябр дар шаҳри Самарқани Ҷумҳурии Ӯзбекистон 4-умин Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа варзишгарон аз 9-кишвари Осиё – Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркменистон , Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Филиппин, Тайланд ва Малайзия иштирок намуданд. Мусобиқа дар маҷмааи варзишии “Афросиёб Арена” баргузор гардид.
Варзишгарон аз рӯи сабқатҳои дав ва майдонӣ ё техникӣ – ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, партоби диск, найза, гулула, гурз миёни ҳамдигар рақобат карданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 17-варзишгар зери роҳнамоии сармураббӣ Ғайрат Неъматов намояндагӣ карданд.
Аз миёни варзишгарони тоҷик Илдар Аҳмадиев бо натиҷаи 7,73 медали тиллоро соҳиб шуд. Дар ин рақобат нишонҳои нуқра ва биринҷиро Анвар Анваров аз Ӯзбекистон ва Беграт Гасанбеков аз Туркменистон ва Ҷавоҳир Нориев ба даст оварданд.
Варзишгари дигари тоҷик Леонид Пронженко дар масофаи 110 м/с бо нишондоди 15,29 ҷои дуюмро ишғол намуда, медали нуқраро соҳиб шуд. Нишони тиллои ин масофаро Наттапҳон Дансунгноен аз Тайланд бо нишондоди 13,95 ба даст овард. Мардонбек Сотиболдиев ва Шерзод Раҳмонов аз Ӯзбекистон нишонҳои биринҷиро ба гардан овехтанд.
Дар эстафетаи 4×100 дастаи Тоҷикистон бо нишондоди 41,50 ҷойи аввалро соҳиб шуда, медали тиллоро ба даст овард. Дастаҳои Туркменистон (42,70) ва Ӯзбекистон (42,93) ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол карданд.
Сорбон Амонуллозода