Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими оғози татбиқи стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, раиси Бонки миллӣ, роҳбарони як қатор вазоратҳо ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Дар оғози маросими татбиқи стратегияи миллии фарогирии молиявии ҶТ барои солҳои 2022-2026 Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки фарогирӣ ва саводнокии молиявӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати молиявии кишвар ба ҳисоб меравад.
“Дар ин росто татбиқи самараноки стратегия имкон медиҳад, ки сатҳи дастрасиро ба хидматрасониҳои сифатнок ва иноватсионии молиявӣ, ки ба талаботи мушахаси аҳолӣ ва ширкату корхонаҳои тиҷоратӣ ҷавобгӯ мебошад, боз ҳам баланд гардонем”, – изҳор дошт Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода.
Ба таъкиди номбурда, ин дар навбати худ имкониятҳои иқтисодии соҳибкорон ва дигар субъектҳои хоҷагидорро васеъ намуда, барои рушди устувори иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ба таъкиди раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, ҳадафи асосии фарогирии молиявӣ беҳтар намудани дастрасӣ ва таъмини хизматрасониҳои босифати молиявӣ мебошад, ки дар раванди рушди устувори бахши молиявӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи маърифати моливӣ нақши муҳим дорад.
Директор, мушовир ва консули Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломе Стайб зимни баромади хеш зикр намуд, ки бо вуҷуди як қатор мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла вазъи ногувори Ковид-19 мр дар якҷоягӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон старетегияи милли фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода намудем.
“Ҳукумати Швейтсария шарикии мустаҳакамро бо Бонки миллӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Дар давоми 20 соли охир зиёда аз 500 млн долари ИМА ба Тоҷикистон дар шакли грант пешниҳод гардидааст. Ва ҳукумати Швейтсария тасмим гирифтааст, ки дар оянда маблағгузориро дар бахшҳои мухталиф равона созад”, – зикр намуд директор, мушовир ва консули Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломе Стайб. Ҳамзамон дар чорабинӣ роҳбарони як қатор вазорату идораҳо баромад намуда, масъалаҳои вобаста ба фарогирии молиявиро барасӣ намуданд.
Баҳруллои Маҳмадшариф,
радиои “Тоҷикистон”