Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки ҳар як давлату миллат маҳсуб меёбад. Ҳамин аст, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегӣ ба ҳисоб рафта, дар ин бобат баҳри расидан ба аҳдофе, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, тадбирҳои зиёд андешида мешаванд.
Имрӯз проблемаи амнияти озуқаворӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ хеле шадид ва ҳатто фалокатбор шудааст. Омилҳои рӯ ба рӯ гардидани инсоният ба мушкилоти норасоии ғизои солимро таҳлилгарон дар афзоиши аҳолии сайёра, тақсимоти аҳолӣ ва шароити ҷуғрофӣ, инкишофи савдо ва нақлиёт, қафомонии мамлакатҳои тараққиёбанда, вазъияти сиёсии ҷаҳон ва ғайра медонанд. Роҳҳои ҳалли ин мушкилиро олимон дар пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ медонанд. Тавре сардори раёсати назорати байторӣ ва зотпарварии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Андамов иброз медорад, норасоии ғизои солим бештар дар қитъаи Африқо ба назар мерасад ва аҳолии ин қитъа ба ғизои солим дастрасӣ надоранд.
Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз самтҳои стратегияи миллии рушди мамлакат ба ҳисоб рафта, имрӯз дар марҳалаи амалишавӣ қарор дорад. Солҳои охир ба василаи татбиқи он бахши истеҳсолии мамлакат пеш рафта, аз ин ҳисоб сатҳи некуаҳволии мардум низ баланд гардидааст. Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо Исмоил Андамов, аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қиёс ба дигар давлатҳо бо маводи ғизоии солим пурра таъмин мебошанд.
Ба ақидаи сардори раёсати назорати байторӣ ва зотпарварии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Андамов роҳҳои пешгирии мушкилоти глобалии озуқавориро дар баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии давлатҳо медонад. Номбурда зикр намуд, ки роҳҳои пешгирии таъмини амнияти озуқаворӣ боиси арзонии нархи маҳсулот гардида, сокинон қариб ба ҳамаи анвои озуқа дастрасӣ пайдо мекунанд. Исмоил Андамов дар идома баён дошт, ки саҳми кишоварзони ҷумҳурӣ дар парвариши сабзавоту меваҷот зиёд мебошад ва мо ин навъи маҳсулотро ба хориҷ аз кишвар низ содирот мекунем.
Маврид ба зикр аст, ки ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми захираву имкониятҳоро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар менамояд. Набояд фаромӯш сохт, ки дар бештари ҳолатҳо таъмини бехатарии озуқавории ҷумҳурӣ аз самаранокӣ ва устувории рушди кишоварзӣ вобастагӣ дорад. Зеро соҳаи мазкур бахши пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор рафта, ба ҳисоби миёна 20-21 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро таъмин менамояд.
Парвина Самандарзода,
радиои Тоҷикистон