Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз баргузории Бизнес форуми “G5” 2022 дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои ин Кумита 15 октябри соли 2022, соати 13.00 дар шаҳри Душанбе бо иштироки васеи соҳибкорони ватанӣ, намояндагони бахши тиҷорат, шарикони рушд ва намояндагони экосистемаи Осиёи Марказӣ Бизнес форуми “G5” 2022 баргузор мегардад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба таваҷҷуҳи соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ расонидааст, ки онҳо метавонанд барои маълумоти бештар ба МД “Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ” воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Техрон 21 (телефони тамос: (+372) 212604, 000505020, (+992) 885551512) муроҷиат намоед.