Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Русия» оғоз гардид. Дар чорабинӣ намояндагони ҳукумат, вазорату идораҳо, доираҳои корӣ, коршиносон ва таҳлилгарон иштирок доранд.
Қабл аз оғози Форум ширкатҳои ватанӣ маҳсулоти истеҳсолкардаи хеш ба маърази тамошо гузоштанд. Чорабинии мазкур дар бахшҳои алоҳида баргузор гардида, то бегоҳ идома мекунад.
Дар назар аст, ки ҷонибҳо имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон ва Русияро муаррифӣ намуда, ташаббус ва моделҳои нави ҳамкориҳои сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Ҳамзамон, аз рӯйи натиҷаҳои чорабинӣ имзои созишномаву ёддоштҳо дар бораи ҳамкорӣ байни соҳибкорони кишварҳо дар назар аст.
Баҳруллои Муҳаммадшариф
радиои “Тоҷикистон”