Дар ноҳияи Сангвор барои ду зани яккаву танҳо хонаи истиқомати бунёд шуда, тақдим карда шуд. Дар ин бора Кумитаи кор бо занон ва оила хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Заршуён, деҳаи Дараи Саркорон, ноҳияи Сангвор бахшида ба 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши кор бо занон ва оила, ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ин амали хайр анҷом шудааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки анҷомхонаи ин хонаҳо бо тамоми таҷҳизотҳои нави замонавӣ сохта ба истифода дода шуд.
Акс аз Кумитаи кор бо занон ва оила