Акс аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ гуфтааст, ки ба хотири муаррифӣ намудани ихтироъкориву ихтироъкорони воқеии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар замони 31 соли соҳибистиқлолӣ ба масъулини бахши илм дастур дод, ки низомномаи баргузории озмуни «Ихтироъкор»-ро дар кӯтоҳтарин фурсат таҳия намуда, баргузор мекунад.
Дар ин бора ДДОТ хабар дода менависад, ки дар таърихи 27-уми сентябри соли ҷорӣ озмуни мазкурро бо ҷалби ихтироъкорони дигар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор намоянд.