Акс аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд
Дар Истаравшан ба бунёди бинои иловагӣ барои 120 ҷойи нишаст дар назди муассисаи давлатии таълимии “Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан” санги асос гузошта шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дода, тавзеҳ кардааст, ки бинои мазкур тибқи лоиҳа аз ду ошёна иборат буда, дорои синфхонаҳои таълимию компютерӣ, утоқи омӯзгорон, хобгоҳи духтарона ва писарона, ҳаммом, ҷомашӯйхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон буда, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бунёд мегардад.
Ба иттилои манбаъ, алҳол наздик 100 нафар тарбиягирандагони ятиму нимятим ва оилаҳои ниёзманд дар мактаб-интернати шаҳрӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, бо либоси мактабӣ, нигоҳубини доимӣ, ҷойи хоб ва дигар шароити зист таъмин мебошад.