Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба директори як Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.
Тибқи иттилои ин Агентӣ, Холиқов Абдуҷабор Абдухолиқович дар вазифаи муҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Кӯлоб кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи ваколати мансабӣ ва сохтакории хизматӣ дар ҳуҷҷатҳои муҳосибии музди меҳнати кормандон маълумотҳои таҳрифшударо ворид намуда, бо ин амалаш маблағи умумии 892 947,05 сомониро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.
Ба иттилои манбаъ вобаста ба ҳолати мазур, нисбат ба Холиқов А.А. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.