“Истиқлол” мавқеашро дар садри ҷадвали лигаи олӣ устувортар кард

Рӯзҳои 10-ум 11-уми сентябр бозиҳои даври 15-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор гардид.

Дар ду бозӣ дастаҳои мизбон дар як бозӣ тими меҳмон ғалаба карданд, ду бозии дигар мусовӣ анҷом ёфт.

Дастаи “КМВА” дар бозии хонагӣ бар дастаи “Хуҷанд” бо ҳисоби минималии 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаи ин рақобатро Асадбек Ҷурабекзода ба самар расонид.

Бошгоҳи “Регар-ТадАЗ” дар сафар аз тими “Истаравшан” бо ҳисоби 1:2 ноком гардид. Ҳамаи голҳоро футболбозони “Истаравшан” ба самар расонидан, лекин як гол ба номи “Регар-ТадАЗ” ба қайд гирифта шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 13-ум Ҷаъфар Исмоилов кушод. Ҳусейн Нурматов 1-гол ба дарвозаи дастааш, 1-голи дигар ба дарвозаи рақиб зад ва ҳисоб бо натиҷаи 1:2 бар нафъи футболбозони “Истаравшан” хотима ёфт.

Дар бозии дигари ин давр бошгоҳи “Истиқлол” ба дарвозаи “Эсхата” ду голи беҷавоб зада, ғолибияти навбатиашро дар лигаи олӣ ба қайд гирифт. Голҳоро Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 68-уми рақобат аз зарбаи 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ) ва Шервонӣ Мабатшоев дар сонияҳои охири рақобат (90+6) ба самар расонид.

Ду бозии дигар миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб – “Равшан”-и Зафаробод (2:2) ва “Хатлон” – “Файзканд” (0:0) мусовӣ анҷом ёфт.

Бозиҳои даври навбатӣ 30-сентябр, 1-ум 2-юми октябр ба нақша гирифта шудааст. Дар даври 16-ум 30-юми сентябр “Эсхата” бо “Хатлон”, 1-уми октябр “Хуҷанд” бо “Файзканд”, “Равшан”-и Кӯлоб бо “Регар-ТадАЗ”, 2-юми октябр “Истаравшан” бо “Истиқлол”, “КМВА” бо “Равшан”-и Зафаробод рақобат менамоянд.

Қабл аз ин давр рӯзҳои 17-18 сентябр бозиҳои даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2022 доир мегардад.