Дар Тоҷикистон дар мавриди морхӯр филми мустанад таҳия намуданд

“Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи табиати Тоҷикистон ва ҳайвони нодири он – бузи пармашох бо се забон филми мустанади «Морхӯр» таҳия намудаанд. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” дар такя ба “Тоҷикфилм” хабар медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, наворбардорӣ, бандубаст ва тадвини филм ба анҷом расидааст.

Ҳадафи таҳияи филми мустанад ифшои розҳои нуҳуфтаи табиати Тоҷикистон ва олами набототу ҳайвонот бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон гуфта мешавад.

Бузи пармашох, ки яке аз ҳайвонҳои нодири кишвар буда, дар мамнуъгоҳи «Даштиҷум» сукунат дорад, дар меҳвари филм қарор гирифтааст.

Бояд гуфт, ки морхӯр ё бузи кӯҳӣ ҷонвари ҷуфтсуми ваҳшӣ аз ҷинси буз аст. Номи морхӯр, ки дар забонҳои форсӣ, урду, пашту, панҷобӣ ва кашмирӣ номи ин ҷонвараст, баргирифта аз боварҳои маҳаллӣ аст, ки ин ҷонвар морҳоро кушта ва онҳоро мехӯрад.