Мудири тозатаъйини телевизиони “Илм ва табиат” Саймукарам Шарифзода нақшаҳояшро барои ба роҳ мондани кори шабака иброз намуд.
Роҳбари нав дар суҳбат бо хабаргузории “Ховар” гуфтааст, бо кормандони шабака кӯшиш ба харҷ медиҳад, то таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ зиёд гардад.
«Барои ин нақша дорем, бо истифода аз имкониятҳои телевизион ва ҷалби мутахассисони варзида ва коршиносони соҳа омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монем», — зикр доштааст Шарифзода.
Ӯ афзудааст, ки ҳамчунин сари таҳияи як қатор барномаҳои нав бо номҳои шартии “Илм ва технология”, “Об рушди устувор”, “Ворисони илм”, “Рисолаи мусиқӣ”, “Суоли илмӣ”, “Сайёд”, “Чароғи ақл”, “Як рӯзи…”, “Иқлим”, “Сарват”, “Гиёҳнома” кор карда истодаанд ва ин 80%-и корҳоро анҷом додаанд.
“Дар барномаҳои нав дар бораи дастовардҳои илми ватаниву ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсионии олимони дохиливу хориҷӣ суҳбат мекунем”, – тавзеҳ дод Шарифзода.
Қобили зикр аст, ки телевизиони “Илм ва табиат” аз 1 сентябри соли 2022 дар саросари Тоҷикистон тавассути моҳвора тӯли 16 соат пахш мегардад. Саймукаррам Шарифзода нимаи дуюми август бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мақоми мудири ин шабакаи телевизион Зинатуллоҳ Исмоилзодаро иваз кард.
“Илм ва табиат” дар доираи эълон гардидани Бистсолаи омӯзиши илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфта, 14 декабри соли 2021 дар Рӯзи илми тоҷик ба пахши барномаҳо шурӯъ кард.