Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Русия меравад

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо як сафари расмӣ ба Русия меравад. Дар ин бора аз ВКХ Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафари расмӣ вазири тоҷик бо ҳамтои русиягиаш мулоқот менамояд.

“Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими дуҷониба, аз ҷумла фарҳангӣ-гуманитарӣ, муҳоҷират, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, амният, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард», — гуфт Шоҳин Самадӣ, сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова сафари Сироҷиддин Муҳриддинро ба ин кишвар тасдиқ намуда буд. Ба таъкиди дипломати рус, вазирон бояд иҷрои тавофуқҳоеро, ки дар мулоқотҳои ахири Президентҳои Русия ва Тоҷикистон ҳосил шуда буданд, баррасӣ намоянд.

«Оид ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон табодули афкор сурат хоҳад гирифт. Дар доираи сафар ба имзо расидани барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои мо барои солҳои 2022-2023 дар назар аст», — афзуда буд Захарова.