Субҳон Икромзода: Гуфтушунидҳо барои барқарор намудани парвозҳо  ба самти Русия, Туркия, Чин ва Узбекистон идома дорад

Агентии  Авиатсияи гарждании назди  Ҳукумати ҶТ   низ шурӯъ аз 20-уми марти соли равон  амалӣ намудани парвозҳоро ба тамоми самтҳои пештар анҷом медода муваққатан  боздошта, танҳо бо дархосту қарорҳои дахлдор парвозҳои фармоиширо амалӣ намудааст. Ин нуқта имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳоди мазкур аз ҷониби директори он Икром Субҳонзода зикр гардид. 

Дар алоқамандӣ ба хуруҷ ва паҳн гардидани каронавируси Ковид 19 парвози мунтазами  ҳавопаймоҳои  тамоми  кишварҳои ҷаҳон ба самтҳои гуногун  маҳдуд карда шуд.  Ба таъкиди номбурда имрӯзҳо  вазъи бо пандемияи каронавирус дахл дошта дар кишвари мо рӯз ба рӯз  ба эътидол омада,   баъди анҷом додани гуфтушунидҳои зиёд  парвози мунтазам тибқи хатсайрии Дубай-Душанбе-Дубай  шурӯъ аз 21-уми июл   амалӣ карда шуд.  «Гуфтушунидҳо барои барқарор намудани парвозҳо  ба самти  Федератсияи Русия, Туркия, Чин ва Узбекистон   низ бо назардошти вазъи бо каронавирус дахлдоштаи кишвари муқобил  дар назар аст», мегуяд Субҳон Икромзода зимни нишасти хабарӣ.

Малоҳат Тоҳирова

Радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *