Ҳалокати як писари 9-сола дар Ёвон ҳангоми оббозӣ

Дар як ҳодисаи нохӯш дар об як кӯдак ба ҳалокат расида, ки ӯ ҳамагӣ 9 сол дошт.

Ба иттилои КҲФ ҳодиса 21-уми августи соли равон рух дод. Соати 12:00 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки як писараки 9-сола, сокини деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар канали байнидеҳаҳо ғарқ шудааст.

Дар фасли гармо ғарқшавӣ зиёд ба назар мерасад. Дар ин ҳодиса КҲФ волидони ин наврас муҷрим медонад. “Агар волидонаш назорат мекарданд, ин фоҷеа рух намедод. Мо ҳамеша баъди марги азизонамон пай мебарем, ки онҳо бароямон азиз буданд. То ин замон бепарвоем. Мутааасифона”.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз падарону модарон хоҳиш мекунад, тифлону фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд. Бахусус, дар соҳили дарёву каналҳо ҳатман онҳоро ҳамроҳӣ кунанд.