Хонандагони шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи даставии “Ҷоми пойтахт” миёни синфҳои 7-11 аз рӯи фанҳои математика, физика, химия, биология, география ва технологияи иттилоотӣ, ки аз 15 то 21 август дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Зимчурӯд” баргузор гардид, сазовори “Шоҳҷоиза” гаштанд, хабар доданд аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
Ҳамин тавр, донишомӯзони вилояти Суғд – ҷойи якум, хонандагони вилояти Хатлон – ҷойи дуюм ва муҳассилини шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойи сеюмро ба даст оварданд.
Ҳамчунин аз ҳисоби литсей ва гимназияҳо дастаи олимпии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори “Шоҳҷоиза”, дастаи олимпии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум, дастаи олимпии вилояти Суғд сазовори ҷойи дуюм ва дастаи олимпии вилояти Хатлон сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
«Имсол бори аввал аст, ки дар доираи баргузории истироҳати тобистонаи хонандагони болаёқат бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Олимпиадаи даставии «Ҷоми пойтахт» бо иштироки хонандагони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Дар Олимпиадаи даставии «Ҷоми пойтахт» зиёда аз 200 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд», – гуфт сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода.
Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузории олимпиада – амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷалби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба истироҳатгоҳи тобистонаи беруназшаҳрӣ мебошад.