Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи гиромидошти Мираброр Усмонов бозӣ мекунад

Тими наврасони Тоҷикистон (U-16) зери роҳбарии сармураббии ҷадид Раҳматулло Фузайлов 23 август аввалин бозиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи гиромидошти собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Мираброр Усмонов баргузор мекунад.

Дар мусобиқа, ки аз 22-27 август дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Ҷопон иштирок менамоянд.

Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Бозиҳо дар варзишгоҳҳои “Ҷар”, “Локомотив” ва “Пахтакор” сурат мегиранд. Иштирок дар мусобиқаи мазкур барои тими наврасони кишвар марҳилаи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба ҳисоб меравад.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар гурӯҳи “Н” бозӣ мекунад. Рақибони мунтахаби Тоҷиктстон наврасони Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон ба ҳисоб меравад. Бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи “Н” аз 5-9 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Мусобиқаи гиромидошти хотираи Мираброр Усмонов байни тимҳои (U-16):

Даври 1-ум

Рӯзи 22-август (душанбе)

Соати 19:00 – Ӯзбекистон (U-16) – Эрон (U-16).

Рӯзи 23-август (сешанбе)

Соати 16:00 — Тоҷикистон (U-16) – Ҷопон (U-16).

Даври 2-юм

Рӯзи 25-август (панҷшанбе)

Соати 16:00 – Эрон (U-16) – Тоҷикистон (U-16).

Соати 17:00 – Ҷопон (U-16) – Ӯзбекистон (U-16).

Даври 3-юм

Рӯзи 27-август (шанбе)

Соати 15:30 – Ҷопон (U-16) – Эрон (U-16).

Соати 17:00 – Ӯзбекистон (U-16) – Тоҷикистон (U-16).

Сорбон Амонуллозода,

радиои “Тоҷикистон”