Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори иҷроияи Фонди Оғохон дар Тоҷикистон Кишвар Абдулалишоев дидору гуфгугӯ намуд.
Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, зимни суҳбат ҷонибҳо нақшаи фаъолиятҳо оид ба татбиқи лоиҳаи “Идоракунии ҳамгироишудаи захираҳои табиӣ дар водии Зарафшон барои рушди одилона ва устувор”-ро баррасӣ намуданд.
Аҳмадзода саҳми Фонди Оғохонро дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ назаррас арзёбӣ карда, иброз доштааст, ки ҳамкориҳои мақомоти вилояти Суғд бо ин ташкилоти байналмилалӣ натиҷаҳои назаррас дода истодааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи зикршуда бо таъмини дастрасӣ ба таҷҳизот ташвиқи усулҳои пешқадами кишоварзӣ ба роҳ монда шуда, барои ташкили ниҳолхонаҳо, омӯзиши саводнокии молиявӣ барои хонаводаҳо, таъсиси фермаҳои зотпарварӣ, барқарорсозии системаҳои обёрӣ, дастгирии истеҳсолкунандагон дар ташкили корхонаҳои хурд, амалишавии лоиҳаҳо дар самти нигоҳубину замин ва эмин нигоҳ доштани ҷангалзорзор мусоидат карда ҳоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки мулоқоти тарафҳо бо таҳлили нақшаи фаъолиятҳо ва дурнамои ҳамкориҳо ба анҷом расид.