Пирӯзии «Истиқлол» дар Чемпионати Тоҷикистон бар дастаи «Хатлон»

Дар бозии даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар майдонаш бо дастаи «Хатлон» дидор анҷом дод. Дидори дастаҳо бо ғалабаи минималии 1:0 ба фоидаи «Истиқлол» ба охир расид.

Голи ягонаи ин рақобатро дар қисми аввали бозӣ, аниқтараш дар дақиқаи 29-уми рақобат Муҳаммадҷон Раҳимов ба самар расонида, ғалабаи дастаашро таъмин намуд.

Баъд аз ин пирӯзӣ бошгоҳи «Истиқлол» пас аз 9-бозӣ бо касби 20-имтиёз ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқот баромад.

Фардо 24 август, дар вохӯрии мафқуфмондаи даври 2-юми Чемпионати Тоҷикистон «Истиқлол» бо дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар сафар дидор анҷом медиҳад.

Сорбон Амонуллозода,

радиои «Тоҷикистон»