Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи 23 август ба ифтихори зодрӯзи академик Муҳаммад Осимӣ муаррифии силсилаи пажӯҳишҳои илмӣ сурат мегирад. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар маросими рӯнамоӣ суханронии олимону муҳаққиқон дар мавриди шахсияти Муҳаммад Осимӣ ва илм, адабиёт, масоили забоншиносӣ, Юнеско, маориф, шарқшиносӣ, истилоҳшиносӣ ва фолклоршиносӣ дар назар аст.
Муҳаммад Осимӣ аз чеҳраҳои матраҳи илми тоҷик буда, 1 сентябри соли 1920 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Донишгоҳи давлатии Самарқандро дар соли 1941 хатм намудааст. Солҳои 1952-1955 дар аспирантураи Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ таҳсил намудааст.
Осимӣ дар симатҳои ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон, раиси Кумитаи назорати ҳизбию давлатӣ, котиби КМ ҲК Тоҷикистон ва ҷонишини раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз соли 1965 вазифаи президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон иҷро намудааст. Ҳамзамон солҳои 1991-1996 вазифаи раиси Ҷамъияти Пайвандро бар дӯш дошт.
Ӯ муаллифи беш аз 10 асар ва 250 мақолаи илмӣ буда, таълифоташ масъалаҳои худшиносӣ, тадқиқи паҳлуҳои осори Амир Хусрави Деҳлавӣ, масоили ҳастишиносӣ, аз ҷумла тасвири физикии олам ва муаррифинамоии нақши тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ фарогир мебошанд.
Муҳаммад Осимӣ 29 июли соли 1996 дар шаҳри Душанбе даргузашт.