Субҳи барвақти 20 август ҷудокорони тоҷик зери роҳбарии сармураббии тими ҷудои Тоҷикистон — Муҳаммад Абдураҳмонов бо медалҳои ифтихорӣ аз Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки аз 9-18 август дар шаҳри Қунияи кишвари Туркия баргузор гардид, ба пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргаштанд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе паҳлавонони кишварро муовини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Собирзода, намояндагони Федератсияи ҷудои кишвар ва ҳаводорону наздикону пайвандон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ҷудокорони кишвар — Комроншоҳи Устопириён дар вазни (-90кг) медали нуқра, Шодмон Ризоев дар вазни (-81кг) ва Абубакри Акобир дар вазни (-100кг) нишони биринҷиро ба даст оварданд. Дар баробари ин дар рӯзи охири ин мусобиқа рақобатҳои даставӣ баргузор шуд, ки аввалин маротиба ҳайати ҷудокорони Тоҷикистон дар он ширкат намуда, сазовори медали биринҷӣ гардиданд. Рақобатҳо аз рӯи панҷ вазн (-66, -73, -81, -90 ва +90кг) миёни мардон сурат гирифт. Бо ин дастовард ҷудокорони меҳан саҳифаи наверо дар таърихи ҷудои кишвар рақам заданд.
Сорбон Амонуллозода,
радиои “Тоҷикистон”