Нимаи дуюми рӯзи 19 август паҳлавони ҷавону умедбахши кишвар Эмомалӣ Нуралӣ бо нишони тиллоӣ аз Чемпионати ҷаҳон ба ватан баргашт.
Эмомалиро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе намояндагони соҳаи варзиши мамлакат, наздикону пайвандон ва ҳаводорони риштаи ҷудои мамлакат гарму самимӣ пешвоз гирифтанд.
Эмомалӣ Нуралӣ – дастпарвари клуби варзишии Парвиз Собиров буда, зери мураббигии Фаррух Собиров тамрин мекунад. Паз аз ин қаҳрамонӣ Эмомалӣ дар таърихи ҷудои тоҷик дуюмин нишони тиллоро аз Чемпионати Ҷаҳон миёни ҷавонон ба даст овард. Қаблан медали тиллоро Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг моҳи октябри соли 2019 дар кишвари Марокаш ба даст оварда буд.
Мусобиқаи Чемпионати Ҷаҳон миёни ҷавонон оид ба ҷудо (Guayaquil World Championships Juniors 2022) рӯзҳои 10-13 август дар шаҳри Гуаякили кишвари Эквадор баргузор гардид.
Бояд қайд намоем, ки Эмомалӣ дар Чемпионати Ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни -66кг, дар даври аввал ҷудочии итолиёвӣ – Валерио Акколӣ, дар даври дуюм намояндаи Фаронса – Максим Моунданга, дар даври 1/4 ниҳоӣ варзишгари Туркия – Муҳаммад Демирел, дар даври ниманиҳоӣ ҷудочии Молдова – Извореану Раду ва дар даври ниҳоӣ паҳлавони ӯзбек – Азизбек Ортиқовро мағлуб намуда, медали тиллоро ба даст овард.
Сорбон Амонуллозода,
радиои “Тоҷикистон”