Дар шаҳри Хоруғ рӯзҳои 17-18 август бо иштироки сармоягузорони дохиливу хориҷӣ Форуми байналмилалии сармоягузории “Помир инвест-2022” доир мешавад.
Бино ба гузориши мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва роҳандозии ҳамкории тиҷорию иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва мамолики дуру наздик, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва ба роҳ мондани тадбирҳои зарурӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятноки вилоят мебошад.
Маъбаъ афзуд, ин иқдом дар доираи сиёсати дарҳои кушодаи Ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуда, дар он муаррифии лоиҳаҳои бахшҳои саноати сабук ва кӯҳӣ, тавлиди маҳсулоти хӯрокворӣ, имконоти сайёҳӣ ва фарҳангӣ дар назар аст.
Гуфта мешавад, Форуми байналмилалии сармоягузории “Помир Инвест” майдони доимоамалкунандаи корӣ барои муҳокимаи масъалаҳо вобаста ба мушкилоти ҷалб ва истифодаи самараноки сармояҳо, ташкил ва ба роҳ мондани робита миёни соҳибкорон ва сармоягузорон ба шумор рафта, он барои ба таҳия ва пиёдасозии тиҷорат – нақшаҳо ва барномаҳои сармоявӣ заминаи мусоидро фароҳам месозад.